ABNA24 : Ду тараф дар ин музокирот мавзӯи бозгушоии марзҳо ва азсаргирии иртиботи ҳавоии байни ду кишварро, ки миёнаҳои моҳи март бар асари густариши вируси ҳамагири корона қатъ шуда аст, баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ин нишаст тарафҳо қасд доранд мавзӯъоти тавсеъаи тиҷоратии дуҷониба , тарҳҳои сармоягузории муштарак, густариши иртиботот дар заминаи нақлиёту боркашонӣ ва иртибототу равобити байни манотиқи марзиро баррасӣ кунанд.
Абдуллоҳ Орифов ҳамчунин бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор хоҳад кард .
Баргузории нишасти муштараки тоҷирон ва фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон ва Узбакистон низ аз дигар барномаҳои Орифов дар Душанбе аст .
Орифов аз корхонаи муштараки сохти лавозими хонагии Тоҷикистону Узбакистон мавсум ба Артел Авеста Электроник низ боздид мекунад.
342/